Рамазон омад ва равон бигузашт
Буд моҳӣ ба як замон бигузашт
Гӯиёи умр буд зуд бирафт
То ки гуфтам чунин чунон бигузашт
Шаб қадре ба орифон бинмуд
Ин маъонӣ аз он баён бигузашт
Ҳар ки бо мо нишаст дар дарё
Номро монад ва аз нишон бигузашт
Майли дунё ва охират накунад
Ҳар ки бар кӯй ошиқон бигузашт
Зуди бедори шӯ дар о дар роҳ
Ту бихобӣ ва корвон бигузашт
Дар тариқӣ ки нест пойонаш
Неъмати аллоҳ аз ин ва он бигузашт