Ишқи ту балоу мубталои мо
Пайваста хушем дар балои мо
Мастему мудом дар харобот
Риндонаи ҳарифи авлиёи мо
Дар баҳри муҳӣт ғарқ гаштем
Мавҷему ҳубоби айни мо мо
Бегона наем ошноӣим
Бо хеши шудеми ошнои мо
Бар роҳи фано қадам ниҳодем
Боқии моӣим аз ин фанои мо
Чун моӣӣ мо намонад бо мо
Моӣими шумо ва ҳам шумо мо
Аз давлати бандагии Сайид
Гаштем қабули кибриёи мо