Хилвати ман мақоми рндонст

Ҳар чаҳ дорам ба ном риндон аст

Ин чунин гуфтҳои мастона

Суханӣ аз паём риндон аст

Айни оби ҳаёт агар ҷўӣӣ

Ҷуръа май зи ҷом риндон аст

Зулфи хубону ҳасани маи рӯйон

Асари субҳу шом риндон аст

Подшоҳи сарири ҳафт иқлӣм

Аз дилу ҷони ғулом риндон аст

Базм ишқасту ошиқони сармаст

Соғар май ба ком риндон аст

Хуш бихонаш ки гуфта Сайид

Нуктае аз калом риндон аст