Гар ҷафо мекунад вафо онаст

Вар фано медиҳад бақо онаст

Нур чашмаст ва дар назар дорем

Назарӣ кун бибин биё онаст

Дард дардаш бануш ва хуш ме бош

Дардмандии туро даво онаст

Қадамии ту дар ои дарин дарё

Талабаш кун ки ошно онаст

Ҳар ки ғайриӣ зи шоҳ мо ҷӯяд

Назд ёрони мо гадо онаст

Ба харобот ҳар ки фонӣ шуд

Ринди сармаст бенаво онаст

Ҳар ки гардад ғуломи Сайиди мо

Сайиди малики ду саро онаст