Дилу ҷонами фидоӣ ҷонон аст

Ҳарчӣ дорам барои ҷонон аст

Дил ки дам мезанад зи султонӣ

Чун ғуломони гадоӣ ҷонон аст

Нест бегона аз худо ба худо

Орифии кошноӣ ҷонон аст

Хилвати дили мақом ҳазрат ӯст

Дайгарӣ кӣ ба ҷой ҷонон аст

Мубталои бало агар нолад

Роҳати ман балоӣ ҷонон аст

Дилу ҷонро диҳад ба боди ҳаво

Ҳар ки ӯро ҳавоӣ ҷонон аст

Нъмҳоллаҳ ки ҷони ман ба фидоаш

Ҷон гетӣ намой ҷонон аст