Дар саропардаи ҷони хонаи дилдор ман аст
Гӯшаи дидаи ман хилвати он ёр ман аст
То ки аз нури ҷамолаши назарам равшан шуд
Ҳар кро ҳаст назари ошиқи дидор ман аст
Ҳар куҷои нолае аз ғайб ба гӯш ту расад
Завқи он нолаи ман ҷӯ ки зи гуфтор ман аст
Соқии масти харобот ҷаҳон шуд ҷонам
Шоҳиди сархуши ман хизмати хумор ман аст
Бирав эй ақл ки ман мастам ва ту махмурӣ
Ҳар ки махмур буд ҳамчуи ту ағёр ман аст
Зоҳидии кори ман ринд набошад ҳошо
Ошиқии касби ману бодаи хурии кор ман аст
Лавҳи маҳфӯзаму ганҷинау ганҷи алършм
Синаи Сайиди ман махзани асрор ман аст