Дардмандем ва он даво ин аст
Роҳати ҷони мубтало ин аст
Нақши рӯйиши хаёл май бандам
Дар назари нури чашми мо ин аст
Дили мо ҷони худ ба ҷонон дод
Давлату дайни ду саро ин аст
Ақл бегона рафт ва ишқ омад
Ёри сармасти ошно ин аст
Ҳама бо асли хеши вогрдим
Ибтидои ону интиҳо ин аст
Ҳар ки фонӣ шавад бақо ёбад
Рӯи фанои шӯ ки худ бақо ин аст
Неъмати аллоҳ ҳар ки дид бигуфт
Мазҳари ҳазрати худо ин аст