Ҳамаи олами ҳиҷоб ҳазрат ӯст
Рӯҳи аъзами ниқоб ҳазрат ӯст
Қутби олам ки мазҳар ишқ аст
Сояи офтоб ҳазрат ӯст
Ақли кули нафаси кул бар ориф
Як ду ҳарф аз китоб ҳазрат ӯст
Май хмхонаҳи ҳудусу қадам
Бахшиш беҳисоб ҳазрат ӯст
Дили мо сӯхти оташи ишқаш
Хуши дилии кӯи кабоб ҳазрат ӯст
Рози худ хостам ки гӯям боз
Фикри ман аз хитоб ҳазрат ӯст
Дар хароботи ишқи Сайиди мо
Ринди масти хароб ҳазрат ӯст