Дили равон ҷон медиҳад дар ишқи он ҷонони мо

Гар қабулаш мекунад шукронаҳо бар ҷони мо

Ғарқаи дарёӣ бепоён куҷо ёбад канор

Соҳилаш пайдо набошад баҳр бе поёни мо

Ҳарчӣ ояд дар назари ойина гетӣ намост

Равшанаш бингар ки бошад нури он ҷонони мо

Ҷони ҳаёти ҷовдон аз ишқ ҷонон ёфта

Ишқ агар дорӣ талаб кун завқи ҷовидони мо

Маҷлис ишқасту риндони масту соқии дрҳзўр

Соғар менӯш кун шодии сармастони мо

Сина бе кӣнаи мо махзан асрор ӯст

Ганҷ агар хоҳӣ биҷӯ ганҷи дили вайрони мо

Неъмати аллоҳи ринд ва сармастасту ҷом май ба даст

намебаранд он медиҳад ин Сайиди риндони мо