Чашми мо равшан ба нур рӯй ӯст

Лоҷарами олам ба чашм мо накӯаст

Дидаам ойинаи гетии намо

Ошиқу маъшӯқ бо ҳам рӯбарӯаст

Ҳар хаёлиро ки дидаи нақши баст

Дӯст медорам ки май байнам ба дӯст

Ишқ сармастасту фориғ аз ҳама

Ақл махмураст ва ҳам дргФтгў аст

Ин аҷаб бингар ки он матлӯби мо

Толибасту рӯзу шаб дар ҷустуҷӯаст

Ғайр агар дигар намеояд ба чашм

Ҳарчӣ мебайнем мигўӣим ӯст

Сайиду банда ба назд мо яке аст

То напиндорӣ ки ин риштаи дўтўст