Ишқро худ қарор пайдо нест

Ду нафаси ҳазраташ ба як ҷо нест

Ҳамчуи дарёи мудом дар мавҷ аст

Ин чунин баҳри ҳеҷ дарё нест

Айн ишқем лоҷарами шабу рӯз

Сабру ором дар дил мо нест

Нур чашмаст ва дар назар пайдост

Дидае кон надид бино нест

Биқрории ишқи шӯрангез

Дар ғам ҳаст ва нест гуё нест

Ишқро ҳам зи ишқ бояд ҷуст

Хабар аз ҳол ӯ ҷуз ӯро нест

Завқи Сайиди зи неъмати аллоҳи ҷӯ

Васф ӯ ҳади гуфтан мо нест