Ақли мушавваши димоғ аз сар мо рафт рафт
Ишқ даромад з дар ақли з ҷо рафт рафт
Нақши хаёлии нигошти ҳеҷ ҳақиқат надошт
Буд ҳаво дар сараши ҳам ба ҳаво рафт рафт
Умр ба бод ҳаво дод дар ин гуфтугӯ
Майл савобӣ накард роҳ хато рафт рафт
Ошиқ мастӣ расед арбада оғоз кард
Оқили махмур аз он аз бар мо рафт рафт
Ҳарки ба дарё фитод ному нишонаши мҷу
Бишинав ва дигар магӯ хоҷа чаро рафт рафт
Ҷоми ҳубобии пари об гар шаканд сӯраташ
Маънӣ ӯ об буд об куҷо рафт рафт
Сайид ҳар ду сарои омада буд аз худо
Боз ба ҳукми худо назд худо рафт рафт