Маро гуфт ёрӣ ки эй ёри мо
Агар ёр моӣӣ бикаш бори мо
Бирав мояу суди дукони бимон
?герат ҳаст савдои бозори мо
Биёи қавли мастонаи мо шинав
Бихон аз сари завқи гуфтори мо
Надорем мо кор бо кори кас
Надорад касе кор бо кори мо
Чаҳ бандии ту нақши хаёлӣ ба хоб
Назар кун дарин чашми бедори мо
Агар ринди масту ҳарифи хушӣ
Биёбӣ Муродии зи хумори мо
Сазовор мо нест ҳар банда Эй
Буд Сайиди мо сазовори мо