Оби чашми мо ба ҳар сӯи рӯи ниҳод

Рӯй худ бар рӯй мо некӯи ниҳод

Ҷон ба ошиқ медиҳад маъшӯқи мо

Ин чунин расми никуӣ ӯ ниҳод

Пери мо базми хуши мастона Эй

Гар назар дорӣ бибин то чун ниҳод

Ишқ сармастаст ва мегуяд сухан

Гуфтугӯии ақлро як сӯи ниҳод

Ҷони мо ойинаи гетӣ намо аст

Содаи дил бо дӯсти рӯ бар рӯи ниҳод

Хуши биҳишт ҷовдон дорад чу мо

Ҳар ки бо хок дараш паҳлуи ниҳод

Неъмати аллоҳро ба олам арза кард

Дар дили ушшоқи ҷусту ҷӯи ниҳод