Ҳарчӣ ояд дар назар чун ӯ буд
Айн ӯ дрчшми мо некӯ буд
Мавҷу дарё назд мо бошад яке
Гарчи он як исму расмаши ду буд
Гуфтам ин ришта магар бошад ду ту
Сар ба сар дидам ҳамаи як ту буд
Ҷузи вуҷӯд ӯ намеёбам дигар
Бо вуҷӯд ӯ вуҷӯдӣ чу буд
Буи дастанбуаш меояд зи даст
Ҳар киро дар дасти дастанбу буд
Ваҷҳ ӯ дар ваҷҳ ҳар як рӯ намӯд
Он яке бо ҳар яке як рӯ буд
Зулфи Сайидро наме оре ба даст
То ҳиҷоби роҳи ту як мӯ буд