Нуқта дар доира намӯд ва набӯд
Балки он нуқта доира бинмуд
Нуқта дар давр доира бошад
Назд он кас ки доираи паймӯд
Аввалу охираш ба ҳам пайваст
Нуқта чун хатм доира фармуд
Доира чун тамом шуд паргор
Сару поро ба ҳам ниҳод осуд
Ба вуҷӯдем ва бе вуҷӯди ҳама
Ба вуҷӯдем мо ва ту мавҷӯд
Ҳамаи олами хаёл ӯ гуфтам
Боз дидам хаёл ӯ , ӯ буд
Хуштар аз гуфтаҳои Сайиди мо
Неъмати аллоҳ дигар сухан нашунӯд