Ишқи дрдист то наме гирад
Ҷони ошиқ сафо наме гирад
Аидл ар ошиқии биё хуш бош
Ошиқонро худо наме гирад
Мавҷ баҳрему ғарқаи дарё
Ғайри мо даст мо наме гирад
Дардмандем ва дард ме нӯшем
Дили мо зин даво наме гирад
Лутф ӯ олимӣ ба мо бахшед
Ба карами ҳеҷ во наме гирад
Оташи ишқи шамъи ҷонами сӯхт
Дар ту охир чаро наме гирад
Ҳар ки бегона нест аз Сайид
Дилаш аз ошно наме гирад