Нутқи ҳайвон ҷамъ кун то одамӣ ҳосил шавад

Гар бияёд тарбият аз комилӣ комил шавад

Ҷони ту аз олами алавии танати суфло буд

Оқибат ҳар як ба асли хештан восил шавад

Манба ҳар ду якеу марҷаъ ҳар ду яке

Лоҷарам ҳар як аз ин ду бо яке моил шавад

Офтоб рӯй ӯ дар ма чу бинмоед ҷамол

Моҳи мо бар офтоб рӯй ӯ ҳоил шавад

Мо зи дрёӣиму айни мо буд оби зулол

Хуш ҳаётӣ ёбад аз мо ҳар ки ӯ соил шавад

Олами мо дар азал ӯ буд ва бошад то абад

Ин чунин маълум кӣ аз илм ӯ зоӣл шавад

Булбулу гул чун ки бинавозанд сози ошиқӣ

Неъмати аллоҳ дар гулистони ин чунин қобил шавад