Ҳар замони ишқии зи нав пайдо шавад

Ҳар нафаси ҷонӣ дигар шайдо шавад

Чун даройад дар шумори орифон

Дар саводи малики дил ғавғо шавад

Чун барояд офтоби меҳр ӯ

Ҷону дил чун зарра нопидо шавад

Гар зи пеш дида бардорад ниқоб

Чашми нобӣнои мо бино шавад

Ғарқаи шӯ дар баҳри ишқаш каз яқин

Қатра бо дарё шавад дарё шавад

Даст бо ӯ дар камар бозӣ кунад

Кӯ ба ишқаш май барад бепо шавад

Сайиди мо чун сухан гуяд зи ҳақ

Неъмати аллоҳи ин чунин гуё шавад