Ҷоми гетии намо ба мо бахшед

Давлатии хуш ба мо худо бахшед

Назарӣ карду ганҷ ҳар ду саро

Подшоҳӣ ба як гадо бахшед

Май хмхонаҳи ҳудусу қадам

Соқии масти мо ба мо бахшед

Дардии дарди дил басӣ хӯрдем

Оқибати дардро даво бахшед

Нақди маҷмӯи махзани асрор

Карам ӯ ба мо ато бахшед

Ҳокимаст ӯ ҳар ончӣ хост кунад

Кас нагӯяд ки ӯ чаро бахшед

Неъмати аллоҳ ба мо ато фармуд

Хуши нўоӣӣ ба бенаво бахшед