Султони саропардаи майхона куҷо шуд
Аз маҷлиси риндони харобот куҷо шуд
Мъниш ҳам ӣнҷост агар сӯрат ӯ рафт
Пинҳони зи назари гашти нгўӣӣ ки фано шуд
Ҳар ринд ки дар кӯй харобот даромад
Аз дор фано омад ва бо дор бақо шуд
Мо ҷом ҳубобему пар аз об ҳаётем
Сероб шавад ҳар ки чу мо ҳамдам мо шуд
Султони саропардаи майхонаи олам
Аз завқи гадоёни харобот гадо шуд
Сӯфӣ ба сафои дардии дардаш чу банушад
Ин дард буд софӣ ва он дард даво шуд
Ёрӣ ки чу мо бандагии Сайид мо кард
Ҳарчанд гадо буд шаҳ ҳар ду саро шуд