Мо ошиқ ва мастем каромот чаҳ бошад
Мо бода парастем муноҷот чаҳ бошад
Мо ҳамдами риндон саропарда ишқем
Дар хилвати мо ҳолати томот чаҳ бошад
Гуфтем чунонаст чунин буд ки гуфтем
Инаст каромоти каромот чаҳ бошад
Мо ошиқ мастем зи ҷом май ваҳдат
Худ касрати маъқӯлу хаёлот чаҳ бошад
Чун хилвати мо гӯшаи майхона ишқ аст
Бо манзили мо роҳу мақомот чаҳ бошад
эй зоҳид саҷҷода нишин каъба кадом аст
Ваии ошиқи михўораҳи харобот чаҳ бошад
Сайид чу ҳама ӯст чаҳ пайдо ва чаҳ пинҳон
Аҳволи бдоёту нҳоёт чаҳ бошад