Мудоми ҳамдами ҷоми шароб хуш бошад
Ҳамеша ошиқи масти хароб хуш бошад
Биё ба мактаби моу китоб ишқ бихон
Ки хондан аз сари завқи ин китоб хуш бошад
Биё ки соқии мо маҷлис хушӣ орост
Биё ки дидан ӯ бениқоб хуш бошад
Расед соқии сармасту ҷом май бар даст
Ҳарифи ринди чунин беҳиҷоб хуш бошад
Хаёли ориз ӯ нақш май кашам бар чашм
Нигар ки нақши хаёлаш дар об хуш бошад
Ҳазор шоҳи гадои ҷаноб мо бошад
Агар ба ҷониби мо он ҷаноб хуш бошад
Хуш аст гуфта Сайид ки аз сар завқ аст
Ба завқ ҳар ки бигӯед ҷавоб хуш бошад