Ҳар ки дар кӯии ту ҷоно нафасӣ биншинад
Нест мумкин ки дамӣ беҳавасӣ биншинад
Нанишинад дили ман як нафасӣ аз сари по
То ки дар суҳбати ту хуш нафасӣ биншинад
Хилвати нақши хаёли ту буд хонаи чашм
Натавон дид ки ғайр аз ту касе биншинад
Бар сари роҳи ту гарчи асасон бисёранд
Нест ошиқ ки зи хавф асасӣ биншинад
Муддатӣ шуд ки сари кӯии ту май ҷусти дилам
Аз дарат давр макун гарчи басӣ биншинад
Кас ба фарёди ман ошиқ шайдо нарасад
Магари он рӯз ки фарёдрасӣ биншинад
Неъмати аллоҳ ба хилват нанишинад бе ту
Шоҳбозӣаст куҷо дар қафасӣ биншинад