Хушаст ин дидаи равшан ки ғайр ӯ наме бинад

Агар бинад касе ғайраш бигӯ некӯ наме бинад

Агар чаҳ дидаи аҳвали якеро ду намояди рӯ

Биҳамдиллоҳ ки чашми ман якеро ду наме бинад

Ба чашм ӯ тавон дидани ҷамол бемисол ӯ

Ба ғайр рӯй нанамояд касеро рӯ наме бинад

Муроди мардум аз дидаи назар кардан ба рӯй ӯст

Вагар на дида Эй набӯд ки рӯй ӯ наме бинад

Ба чашми мо нигоҳӣ кун ки нури чашми мо бинӣ

Ки чашми мо ба ғайр ӯ куҳан ё нав наме бинад

Набинад чашми нобӣнои ҷамоли моҳи тобон ро

Агар сад сол мегӯям надонад чу наме бинад

Магари сарришта гум кардӣ ки ин риштаи ду ту дидӣ

Бибин дар дидаи Сайид ки ҷузи як ту наме бинад