Дил чу дам аз ишқ дилбар ме занад

Пушти по бар баҳр ва бар барме занад

Дар хароботи фанои ҷоми бақо

Шодии соқӣ кавсар ме занад

Ишқ мегуяд дилу дилбар яке аст

Ақли ҳайрони даст бар сар ме занад

Дил ба ҷони нақш хаёлаш ме кашад

Меҳри меҳраши нек бар зар ме занад

Аз дили худ дилбари худро талаб

Кӯи дам аз аллоҳ Акбар ме занад

Гарчи гум шуд Юсуфи гули перҳан

Аз гиребони ту сар бар ме занад

Неъмати аллоҳи ҷон сипорӣ ме кунад

Хайма бар саҳроӣ маҳшар ме занад