Ёри ман беёр кӣ монад маро

Хастау бемор кӣ монад маро

Гарчи беморам вале дорам умед

Кӯи чунин бемор кӣ монад маро

Шодмонам гарчи ғамҳо ме хӯрам

Ғмхўрми ғмхўор кӣ монад маро

Ман чунин махмур ва ӯ масту хароб

Бар дар хумор кӣ монад маро

Кор бекорӣаст кори ошиқон

Ишқ ӯ бекор кӣ монад маро

Сари пар аз савдо ва ҳам кӣсаи тиҳӣ

Бар сари бозор кӣ монад маро

Гар набошад сидқи ман садиқи вор

Сайидам дар ғор кӣ монад маро