Дар дил ба ҷуз аз худо нагунҷад

Чун ӯ гунҷад ҳаво нагунҷад

Дили хилвати хос ҳазрат ӯст

Бегона ва ошно нагунҷад

Моӣим ванигор хуши канорӣ

Мӯе ба миён мо нагунҷад

Султон ишқасту ақли дарвеш

Дар маҷлиси шаҳ гадо нагунҷад

Дардӣ дорам даво надорад

Бо дарди чунин даво нагунҷад

Чун нест ба ҷузи яке ки гуяд

Дард худ гунҷад ва ё нагунҷад

Хуш хам майаст неъмати аллоҳ

Дар ҷоми ҷаҳон намо нагунҷад