Бо чунин дарди дилии майл даво натавон кард

Ҳосили умр азизаст раҳо натавон кард

Чашми мо равшанӣ аз нур ҷамолаш дорад

Як дамии нури вай аз дида ҷудо натавон кард

Суду сармояи ҳама дар сар кораш кардем

Ҳеҷ савдо ба аз ин дард ва саро натавон кард

Бирав аз хеши фанои шӯ ба худо боқӣ бош

Бе фанои Подшаҳии малик бақо натавон кард

Мо ҳубобем зада хаймае аз бод бар об

Бетакаллуф ба аз ин нисбат мо натавон кард

Бенавоёни з дар шоҳ наво ме ёбанд

Гар гадо гиря кунад манъ гадо натавон кард

Сайидами аҳл савобаст хтоӣӣ накунад

Тавба гар ҳаст чаҳ гӯям ки хато натавон кард