Даст бо ӯ дар камар хоҳем кард

Хештанро муътабар хоҳем кард

Бӯсае бар лаъл ӯ хоҳем зад

Ин даҳанро пари гуҳар хоҳем кард

Қиссаи ширин ба хусрав ме барем

Лоҷарами васфи шукр хоҳем кард

Рӯбарӯӣ моҳрӯ оварда ем

Рӯй худро чун қамар хоҳем кард

Шери мардона ба майдон ме рӯем

Олимии зеру зибр хоҳем кард

Бо чунин савдо ки моро дар сар аст

Ошиқонаи тарки сар хоҳем кард

Боз май дар ҷоми ҷами хоҳеми рехт

Бодаи навашонро хабар хоҳем кард

Ҷовдон дар баҳр ва бар хоҳеми гашт

Подшоҳии баҳр ва бар хоҳем кард

Нури чашм аз диданаш хоҳем дид

Неъмати аллоҳ аз назар хоҳем кард