Офтоби маи ниқобӣ рӯ намӯд
Ту накӯ май байн ки ӯ некӯ намӯд
Зарраҳо равшан шуданд аз офтоб
Нур ӯ бингар ки моро ҳў намӯд
Дидаам ойинаи гетии намо
ӯ ҷамол ва бар камолаш рӯ намӯд
Худ ба худ бинмудааст дар айни мо
То нгўӣӣ ӯ ба мо ва ту намӯд
Садҳазор ойина дорад дар назар
Дар ду ойинаи яке рӯ ду намӯд
Оби чашми мо ба ҳар сӯ шуд равон
Обрӯии мо аз он ҳар сӯ намӯд
Хуш бирав бар дида Сайид нишин
То бибинӣ рӯй ӯ чун рӯ намӯд