Ҷони маҷнӯни фидои Лайлӣ буд

Дар дил ӯ ҳавои Лайлӣ буд

Хотири дили шикастаи маҷнӯн

Мубталои балои Лайлӣ буд

Завқ Лайлӣ набӯд бе маҷнӯн

Буд маҷнӯн барои Лайлӣ буд

Ошиқу ринду масту лоиъқл

Рӯзу шаб дар қафои Лайлӣ буд

Ҳар хаёлӣ ки нақш май бастӣ

Назараш бар лақои Лайлӣ буд

Роҳати ҷони хастаи маҷнӯн

Аз ҷафоу вафои Лайлӣ буд

Ҷони Сайиди фидои маҷнӯни бод

Зонка маҷнӯни фидои Лайлӣ буд