Лутфи соқии басӣ карам фармуд

Дар майхонаро ба мо багушӯд

Ҷоми гетии намо ба мо бахшед

Май майхонаро ба мо паймӯд

Нақди ганҷинаи ҳудусу қадам

Ҷамъ карда ҳама ба мо бинмуд

Аз азал то абади аноят ӯ

Ҳаст бо бандагон ва хоҳад буд

Ҳўи ҳўи лои илоҳи алои ҳў

Лӣси фии ?илдори ғайраи мавҷӯд

Нақш ғайриӣ хаёл агар бандӣ

Он хаёлат маҳол хоҳад буд

Гар садаст ар ҳазор ҷумлаи яке

Ҷуз яке нест бандаро мақсӯд

Вҳдаҳи лошарик ?ла гуфтам

Ғайр ӯ нест шоҳиду машҳӯд

Базми мо маҷлисӣаст шоҳона

Сайиди мо Аёз ва ӯ Маҳмӯд