Нурӣ ки худо ба мо намояд
Дар ҷоми ҷаҳони намои намояд
Ойина чу сайқалаш накардӣ
Рӯй ту ба ту куҷои намояд
Ин лутфи нигар ки подшоҳӣ
Дар сӯрат ҳар гадои намояд
Риндона ба нӯши дардии дард
То дарди туро давои намояд
Нақшӣ ба хаёл май нигорам
Наққош ба нақшҳо намояд
Дар мавҷу ҳубоб об дарёб
Кони ҷавҳари мо ба мо намояд
Дар дидаи Сайидам назар кун
То нури худои туро намояд