Ҳар ки ӯ айни мо ба мо ҷӯяд

Ёбад ӯ ҳар чаҳ аз худо ҷӯяд

Дарди дардаш ба завқ май нӯшад

Дардмандӣ ки ӯ даво ҷӯяд

Мбтлоӣӣ ки ёфт завқи бало

Рӯзу шаб аз худо бало ҷӯяд

Дар хароботи ишқи масту хароб

Доимо гардад ва маро ҷӯяд

Ҷоми гетии намои гирифта ба даст

Ҳарчӣ ӯро супурдаи воҷўид

Ақл бошад зи ишқи бегона

Ошнои ёр ошно ҷӯяд

Ринди мастӣ ки неъмат аллоҳ ёфт

?данеу охират куҷо ҷӯяд