Ин ва он буд ҷумла он гардид
Ин чунин буд он чунон гардид
Бози илм бадеъ ме хонем
Ин маъонӣ аз он баён гардид
Ҳар ки дар суҳбатам дамӣ бинишаст
Муҳаррами роз ошиқон гардид
Дар мақомӣ ки ҷон наме гунҷад
Гирди онҷои куҷо тавон гардид
Вонкаҳ чун мо фитод дар дарё
Қатрае баҳр бекарон гардид
Ҳар ки дилро ба дилбарӣ биспурад
Мӯниси ҷон дилбарон гардид
Неъмати аллоҳи пери ориф буд
Ин замони боз навҷавон гардид