Рахти моро ба саропарда майхона бурид
Олати маҷлиси мо ҷумла ба соқӣ сипаред
Мо чу ғунча ба ҳавои ҷомаи худ ҷо кардем
Баъд аз ин хирқаи моро ба маломат надарид
Айби моро макунед ар шудаем ошиқ ӯ
Нур чашмаст бибинед ки соҳиб назаред
Гар зи мо аз сари мастии суханӣ гӯш кунед
Аз сари лутфу карам аз сар он даргузаред
Ҳар куҷои нақши хаёлӣ ки бибинад дида
Маънии хуб дар он сӯрат зебо нигаред
Майл майхона надоред ндонем чаро
Магар аз завқ майу мастии мо бе хабаред
Бандаи Сайиди риндон харобот шавед
Ки ба наздики салотин ҷаҳон муътабаред