Оби ҳаёт аз лаби соқӣ ба мо расед
Ин марҳамати нигар ки ба мо аз худо расед
Дили дардманд буд вале ёфт сиҳҳатӣ
Аз дарди дард ӯ ба дили мо даво расед
Мо даст бардаем зи шоҳони рӯзгор
То дасти мо ба домани он подшоҳ расед
Мутриб навохт сози ҳарифони бенаво
Завқӣ аз он ба ман бенаво расед
Ҳар раҳравӣ ки рафт расед ӯ ба манзилӣ
Ҷовид меравад ба ниҳоят куҷо расед
Баҳрӣаст баҳри мо ки надорад карона Эй
Ҷузи мо дигар касе натавонад ба мо расед
Мирос Сайидаст ки моро расида аст
Ин салтанати зи Сайид ҳар ду саро расед