Ҷом майгар ба даст мо бирасад
Подшоҳӣ ба ин гадо бирасад
Лаби ҷоми шароб агар бӯсам
Хуши нўоӣӣ ба бенаво бирасад
Дардии дарди дил агар нӯшам
Дарди моро аз он даво бирасад
Гар ҷафо ва вафо расад мо ро
Хуш буд ҳар чаҳ аз худо бирасад
Ҳар ки фонӣ шавад аз ин хона
Ба саропарда бақо бирасад
Баҳр ишқаст ва мо дар ӯ ғарқем
Ҳар ки ояд ба ошно бирасад
Неъмати аллоҳро ба дасти орад
Ҳар ғарибӣ ки ӯ ба мо бирасад