Чашмами нурат дар ин ва он дид
Равшани чашмӣ ки ончунон дид
Ғайриӣ нагузошт ғайрати ту
Ғайри ту чу нест чун тавон дид
Тимсоли ҷамоли дидаи мо
Дар ҷоми ҷаҳони намо равон дид
Дидаи назарии зи нур ту ёфт
Дар заррау офтоб он дид
Баҳрему ҳубоби айни мо об
Ин дидаи мо ҳам ин ҳам он дид
Аз ному нишони хабар чаҳ пурсӣ
Ҳар дида ки дид бенишон дид
Ин дидаи масти неъмати аллоҳ
Он нур ба айни он аён дид