Дар дидаи мо нури рухи ёр тавон дид
Ёрӣ ки назар кард дар ин дида аён дид
Хуш нақш хаёлӣаст ки бастем ба дида
Наққош дар ин нақш падедаст тавон дид
Соҳибназар онаст ки дар ҳар чаҳ назар кард
Дар сӯрати он шоҳиди мъниш тавон дид
Равшан буд он дида ки дар маҷлиси риндон
Чун ҷом мӣӣ ёфт ҳам ин дид ва ҳам он дид
Ҳар зарра ки бинӣ ба ту хуршеди намояд
Нури басари мост ҳар он дида ки он дид
Дар оина бинмуд ҷамол ва чаҳ ҷамолӣ
Чун нек назар кард ба худ , худ нигарон дид
Аз нури худои дидаи Сайид шудаи равшан
Ҳар кас ки дар ин дида мо дид чунон дид