Дар айни ҳубоб об дарёб
Он об дар ин ҳубоб дарёб
Нақшӣаст хаёли олам эй ёр
Хобӣаст ва ҳам ба хоб дарёб
Мастему хароб дар харобот
Ин масти хуш хароб дарёб
Маҷмӯи ҳуруфи нуқтае дон
Маҷмӯъаи он китоб дарёб
Ойина ба нур ӯаст равшан
Ма бингар ва офтоб дарёб
Бо мо биншин хушӣ дар ин баҳр
Моро бингар ҳиҷоб дарёб
Пурсӣ ту зи завқи неъмати аллоҳ
Гуфтеми туро ҷавоб дарёб