Оинаи бустони ҷамол ӯ нигар
Ҳар чаҳ бинӣ аз камол ӯ нигар
Чашмаи оби ҳаёт мо бануш
Лиззати айни зулол ӯ нигар
Дар назари нақши хаёл ӯ бакор
Дида бигушо бар ҷамол ӯ нигар
Ақл мехоҳад ки ёбад завқи мо
Ин хаёлоти маҳол ӯ нигар
Бош бо соқии сармастони ҳариф
Ҳосили умр аз висол ӯ нигар
Майли мо бо ӯу майл ӯ ба мо
Майли дории майлу мол ӯ нигар
Гар ндонӣ Сайид ҳар ду саро
Аҳли байт ӯу ол ӯ нигар