Ишқи ҷон ошиқонаст эй писар
Ишқи ҷонон , ҷон ҷонаст эй писар
Ишқи нури дидаи мардум буд
Гарчи аз мардум ниҳонаст эй писар
Ишқ ҷонасту ҳамаи олами бадан
Ҳамчуи ҷон дар тан равонаст эй писар
Офтоби ишқ ва дар ҳар зарра Эй
наме тавон дидан аёнаст эй писар
Айни ишқ аз ваҳдату касрат ғанӣ аст
Фориғ аз шарҳ ва баёнаст эй писар
Ошиқ ва маъшӯқ ишқем эй азиз
Гар чунин доне чунонаст эй писар
Неъмати аллоҳи масту ҷом май ба даст
Соқии базм Муғонаст эй писар