Ишқи ҷонони мо зи ҷони хуштар

Завқи мо аз ҳамаи ҷаҳони хуштар

Маҷлиси воъизон хушаст вале

Суҳбати базми ошиқони хуштар

Мо маъонии хушӣ баён кардем

Он маъонӣ аз ин баёни хуштар

Ҳамдами ҷом май дамӣ бар мо

Бешак аз умри ҷовдони хуштар

Бар лаби чашмаи хуш буд мأўӣ

Ғарқаи баҳр бе карони хуштар

Оби дидаи равон шуда ҳар сӯ

Ин чунин оби рӯи равони хуштар

Хуш буд ҳуру ҷинати алмأўӣ

Неъмати аллоҳ аз ин ва он хуштар