Омад хаёли ғайр чу хобем дар назар
Бинмуд коинот саробем дар назар
Карданд ҷилваи сӯрату маънӣ ба якдигар
Чун шоҳидон ҳур ниқобем дар назар
Чун ринду лоуболӣу сармаст ва ошиқем
Олам намӯда ҷом шаробем дар назар
Чашмам ба нур дидани рӯйиш мунаввар аст
Шукрат ки нест ҳеҷ ҳиҷобем дар назар
Ҳаргиз нахурдаем май дӯстии ғайр
Гарчи мудоми маст ва харобем дар назар
Он дам ки ташна будам ва обам набӯд буд
Баҳри муҳӣт қатра обем дар назар
Бар лавҳи дил навиштаам асрори Сайидам
Бошад мудом ҳамчу китобем дар назар