Ҷоми гетии намо ба даст овар
Маънии анмо ба даст овар
Бишинав ва аз мурод худ бигузар
Рӯи ризои худо ба даст овар
Остин бар ҳамаи ҷаҳони афшон
Домани кибриё ба даст овар
Дард дардаш бануш мардона
Ин чунин хуши даво ба даст овар
Обрўӣӣ биҷӯ дар ин дарё
Айни моро ба мо ба даст овар
Зару сими фано чаҳ май ҷўӣӣ
Нақди ганҷи бақо ба даст овар
Неъмати ин ва он ба ҷо бигзор
Неъмати аллоҳро ба даст овар