Гирифтаи ишқ ӯ дастам дигар бор
зи дасти ақли ворстм дигар бор
Ба сад дастон гирифтам дасти соқӣ
Бизан дастӣ ки зон рустам дигар бор
Ба ишқи чашми маст май фурушаш
Ба ҳмдллаҳ ки сармастам дигар бор
Бибастам бар миёни зуннори зулфаш
Чу зулфаш тавба бишикастам дигар бор
Чу донистам ки ғайр ӯ дигар нест
зи ғайрат ғайр напарастам дигар бор
Маро гар ҳаст ҳастӣ ҳастӣ ӯст
зи худ фонӣ ба ӯ ҳастам дигар бор
Равони брхўостм аз ёру ағёр
Хушӣ бо ёр бинишастам дигар бор
Ба сармастии лабашро бӯса додам
Лаби худро аз он хстм дигар бор
Ба кунҷи савмиъа дар банд будам
Шикастами бандро ҷустам дигар бор
зи худ бигусастаму пайвасти гаштам
Аз он гӯям ки пайвастам дигар бор
Ҳарифи Сайид сармаст ӯем
зи ҷоми ишқ ӯ мастам дигар бор