Дар тараққӣ ҳамеша бош эй ёр

Дар таназзул мабош чун ағёр

Ҷом май ошиқонаи хуш май нӯш

То ки гардии зи умри бархӯрдор

Назд мо мавҷу баҳр ҳар ду якеаст

Ғайр мо нест андак ва бисёр

Гар яке дар ҳазор пеш ояд

Он якеро ҳазор хуши бишумор

Ҷони ҷовид агар ҳамеи ҷўӣӣ

Ҷон ба ҷонон хештан бисипор

Сари мўӣӣ агар ҳиҷоб буд

Аз миёни он ҳиҷобро бурдор

Кор ишқасту кори мо ин аст

Неъмати аллоҳ ба кор худ бигзор