Гарм ва сардӣ чашидаам ки мапурс
Ҳам ба мардӣ расидаам ки мапурс
Инчунин ҷом май ки май нӯшӣ
Дард дардӣ чашидаам ки мапурс
Инчунин масту лоуболии вор
Аз ҷаҳонӣ расидаам ки мапурс
Суханӣ гуфтам аз забони ҳабиб
Ҳам ба гӯшӣ шунидаам ки мапурс
Гули ин гулистони султонӣ
Ҳам ба дастӣ бчидаҳам ки мапурс
Гавҳариро фурухтам ба баҳо
Ҷавҳариро харидаам ки мапурс
Дар ҳама рӯй равшани Сайид
Офтобӣ бидидаам ки мапурс